ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ХУСУСИИ «ДАВО» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАН-МОДАР

Модарону хоҳарони азиз!

Бонувони гиромиқадр!

     Шумоён ва дар шахси Шумо ҷумлаи занони кишвари азизамонро ба шарафи иди фархунда- Рўзи Модар бо камоли меҳру муҳаббат ва самимияти афзун муборакбод намуда, барои ҳамагон баофиятӣ, саломатӣ, хотири ҷамъу дили беғам таманно менамоям ва доимо хоҳони он ҳастам, ки тамоми хушиҳои рўзгор насибатон бошад.

   Ба оғози фасли баҳор рост омадани иди занон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат ва сарсабзию таровати ин фаслро дучанд меафзояд. Дар ин падида  рамзи амиқе ҳаст, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон пайвандӣ касб кардааст. Зеро, Зан ва Баҳор дар арсаи зиндагӣ нақши тавъам доранд.

    Бешак, сарчашма ва сабаби ҳастии башарият Зан – Модар аст. Бонувони иззатманди кишварамон таҷассуми хираду маърифат, одобу ахлоқи ҳамида ва ободии рўзгору пешрафти ҳаёти ҷомеа мебошанд.  Нақши созандаи бонувони кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хосса таъкид  мегардад.

      Бузургии Зан – Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ў чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камол- расонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Зан-модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин  дорем, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрем барояш фидо созем.

     Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро, меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Навозиши дастони модар барои фарзанд беҳтарин истироҳат аст, новобаста ба синну сол.

    Модар — калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтааст. Вале дар мазмуну мӯҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида ва ғазалу таронаҳо сароида шуданд. Ин мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас аст, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд!

    Ба тамоми бонувони тоҷик, ба модарони арҷманду воломақом, ба хоҳарони азизу меҳрубон дар фарҷоми ин суханҳо иброз менамоям, ки ҳамеша саодатманду сарбаланд ва тансиҳату комёб бимонанд.

ИДАТОН МУБОРАК МОДАРОН ВА БОНУВОНИ АЗИЗ!!!

Написать ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *