Бахшида ба рӯзи 23-феврал Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 15.02.2024 бо якҷоягии Муассисаи давлатии мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Хатлон ва Коллеҷи тиббии хусусии “Даво” мусобиқаи кушод оид ба намуди варзиши сабук байни донишҷӯён баргузор гардид.
Мақсади ин мусобиқа тарғиби тарзи ҳайёти солим, тарғиб намудани варзиши сабук, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ, баланд бардоштани маҳорати варзишиии ҷавонон мебошад.
Мусобиқа аз руи барномаи зерин гузаронида шуд:
1.Давидан ба масофаи 100 метр (писарон ва духтарон)
2.Давидан ба масофаи 200 метр (писарон ва духтарон)
3.Давидан ба масофаи 400 метр (писарон ва духтарон)
4.Ҳавододани диск (писарон ва духтарон)
5.Ҳавододани найза (писарон ва духтарон)
6.Теладодани гулӯла (писарон ва духтарон)
Як нафар варзишгар ҳуқуқи дар ду намуд ва эстафеда иштирок карда метавонист, ҳайати даста аз 18 нафар варзишгар, 1 нафар мураббӣ, 1 нафар довар ҳамаги 20 нафар иборат буданд.
Мусобиқа аз рӯи қоидаҳои нави варзиши сабук баргузор гардид. Ғолибони мусобиқаро бо диплом, медал ва мукофотҳои гуногун тақдим карда шуданд.
Коллеҷи тиббии хусусии “Даво” дар шаҳри Бохтар ба Директори муассисаи давлатии мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Хатлон барои ҳамкориҳои судманд изҳори миннатдори баён мекунад.
Сардори шӯъбаи таълим: З. Зоиров




