Дуои модар роҳкушои муваффақиятҳост!

«Бознашр аз Маҷаллаи Ёрии таъҷилӣ 03»

Тавре ҳамагон медонем, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 8- уми март дар ҷумҳурӣ «Рӯзи Модар» таҷлил мегардад.

    Барҳақ, барои ҳар як инсон мушфиқтарин шахс модар ба шумор меравад ва зиндагии ҳар фарди ҷомеа аз меҳру муҳаббат ва сидқу вафодории Зан — Модар маъво мегирад. Зан чароғи мунаввари хонадон, ҳидоятгари ахлоқи нек ва дастгиру наҷотбахши ҳамешагии мост. Фазилати оливу рушду нумӯи ҷомеа аз талошҳои пайвастаи онҳо сарчашма мегирад.

     Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургиву беназирии Модарро хеле олӣ баҳо додаанд: “Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳарчӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт”.
Воқеан, маҳз баъди ба даст овардани истиқлолият дар кишварамон нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, махсусан дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шуд.

   Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои ба¬ланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷиҳати баланд бар¬доштани мақому мартабаи Зан- Модар мавқеи махсус дорад. Мақсад аз қабули ин фармон, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои за¬нон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону духтарон мебошад. Дар натиҷа, иҷрои фармо¬ни мазкур боиси он гардид, ки нақши занон дар ҳаёти сиёсию иқгисодӣ, иҷтимоию фарҳангии кишвар муассир шавад. Ҳоло фаъолияти пурсамари занонро дар вазифаҳои масъули Ҳукумати мамлакат, Парлумони кишвар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахшҳои тиҷорат, тандурустӣ, илм ва фарҳанг дида, бешубҳа ҳисси шодию фараҳмандӣ ҳар шахси ватандӯстро фаро мегирад.

    Вобаста ба ин Президенти мамлакатамон бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад».

    Ба оғози фасли баҳор рост омадани иди занон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат ва сарсабзию таровати ин фаслро дучанд меафзояд. Дар ин падида рамзи амиқе ҳаст, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон пайвастагӣ дорад. Зеро, Зан ва Баҳор дар арсаи зиндагӣ нақши тавъам доранд.
Аслан сиришти занону модарони рӯйи олам аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш офарида шудааст.

   Аз ин рӯ, мо ин рӯзи фараҳбахшро ҳамеша бо хушҳоливу нишоти хоса истиқбол мегирем, зеро нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст.

   Ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар, бори дигар таваҷҷуҳи баланд ва эҳтирому эътибори хосаи давлату ҳукумати кишварро нисбат ба зан-модар собит месозад, ки ҳамасола дар сатҳи давлатӣ ва тантанаву шукуҳи хоса таҷлил мегардад.

   «Мо ҷашни бонувонро махсус Рӯзи модар ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқи арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандаи ҳаёти инсонӣ собит созем,- таъкид намуданд дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат. — Зеро асли ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳанд».

   Худованди қодиру тавоно ҳам ба бандагони хеш амр кардааст, ки ба модару падар меҳрубон буда, ризоияту хушнудии онҳоро биҷӯянд: «Парвардигорро ибодат кунед ва ба падару мо¬дар эҳсон (некӣ) намоед!». Тавре мебинем, баъд аз итоати Худованд эҳтироми волидайн таъкид шудааст.
Ин нуқтаро Шайх Аттори Нишопурй дар «Панднома»- аш чунин баён мекунад: 

Тоати Ҳақро ба ҷон фармон кунӣ,
Баъд аз он бо волидайн эҳсон кунӣ.
Волидайн аз ҳар касе хушнуд шуд,
Он кас аз шоистаи маъбуд шуд.
Волидайн аз ҳар кӣ дар озор шуд,
Осй аст, аз вай Худо безор шуд.

Тавассути хизмат ва ҳурмат дуои неки модарро гирифтан бахти бузурге барои фарзанд аст. Дуои хайри модар сипари мустаҳкамест, ки фарзандро аз бисёр офатҳо эмин медорад. Шоир дар ин хусус мефармояд:

Як дуои модар эмин дорад аз садҳо хатар,
Бигзаронад аз миёни сад балоят безарар.
Як дуои модар аз сад ганҷи Қорун қиммат аст,
Як дуои ӯ тилисме ҳаст бар садҳо зафар.

      Ҳоло, ки ҳамагон дар арафаи ин ҷашни фараҳбахш қарор дорем, аз чунин фурсати муносиб истифода бурда, тамоми бонувони тоҷик, модарони арҷманду воломақом, хоҳарони азизу меҳрубонро аз самими қалб табрику таҳният гуфта. орзу менамоем, ки ҳамеша саодатманду сарбаланд ва тансиҳату комёб бимонанд.

Рамазон Саъдуллоев
муассиси муассисаи ғайридавлатии таълимии
«Коллеҷи тиббӣ»-и шаҳри Бохтар

Написать ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *