Протокол
Оид ба маҷлиси падару модарони ихтисоси кори табобатӣ дар муассисаи ғайридавлатии таълимии«Коллеҷи тиббӣ»-ӣ шаҳри Бохтар
Аз 12.02.2022 ш. Бохтар
Иштирок доштанд 39 нафар волидайн ва 9 нафар омӯзгорон.
Рӯзномаи маҷлис:
1. Дар амал тадбиқ гардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
2. Риояи низомномаи муассиса аз ҷониби донишҷӯён.
3. Натиҷагирӣ аз рейтинг ва имтиҳони нимсолаи якуми донишҷӯён.
4. Масъалаҳои ҷорӣ.
Ҷаласаро ҳуқуқшиноси муассиса Азизов М. Ҳ. ифтиҳтоҳ карда, ҳозиринро пазироӣ намуданд.
Баъдан сухан оид ба масъалаи якуми рӯзнома ба ҳуқуқшинос Азизов М. дода шуд. Дар баромадашон мавсуф ҷиҳати риоя ва дар амал татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор доданд (маърӯза замима мегардад).
Дар давоми суханрониашон Азизов М. ҷиҳати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Тоҷикистон ва ҳуқуқу уҳдадориҳои волидайн нисбати фарзандон ва уҳдадориҳои фарзандон нисбат ба волидайн ибрози ақида намуданд.
Вобаста ба масъалаҳои ҷорӣ устод Зоиров З. иброз намуданд, ки мо дар раванди ҷаҳонишавии тамадунҳо қарор дорем, бинобар ин шароит моро водор месозад аз раванди таълиму таҷризи донишҷӯён мунтазам огаҳӣ дошта бошем. Инчунин аз волидайн даъват ба амал бароварданд, ки «волидайни азиз аз Шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад ҷиҳати донишандӯ ва касбомӯзии фарзандон бо мо дар иртибот шавед». Ҳамин тариқ оид ба истифодаи оқилонаи телефонҳои мобилӣ аз волидайн дархост намуданд, ки фарзандонро таъкид намоянд шабакаҳои иҷтимоиро бар манфиати кор истифода намоянд. Боз ҳам иброз намуданд, ки варзандонро дар ҳамбастагӣ дар руҳияи ватандӯстию меҳаншиносӣ тарбия намоем.
Дар охир волидайн аз рафти ҷаласаи мазкур бо худ таасуроти нек бардошта аз колективи муассиса изҳори сипос намуданд.
Бо ҳамин масъалаҳои дар ҷаласа буда, ҳаматарафа мавриди муҳокима қарор дода шуда, ба кори худ хотима бахшид.
Ҷонишини директори
муассисаи ғайридавлатии таълимии
«Коллеҷи тиббӣ»- и шаҳри Бохтар
З. Зоиров




