Протокол
Оид ба маҷлиси падару модарони ихтисосҳои кори момодоягӣ, кори табобатӣ дандон ва дандонсозӣ дар муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ»-ӣ шаҳри Бохтар
Аз 11.02.2022 ш. Бохтар
Иштирок доштанд 33 нафар волидайн ва 11 нафар омӯзгорон.
1.Дар амал тадбиқ гардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд».
2.Татбиқи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
3.Натиҷагирӣ аз рейтинг ва имтиҳони нимсолаи якуми донишҷӯён.
4.Масъалаҳои ҷорӣ.
Баъдан сухан оид ба масъалаи якуми рӯзнома ба ҳуқуқшинос Азизов М. дода шуд. Дар баромадашон нотиқ вобаста ба риоя ва дар амал татбиқ кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қайд карда гузаштанд (маърӯза замима мегардад).
Инчунин дар давоми суханрониашон Азизов М. ҷиҳати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Тоҷикистон ва ҳуқуқу уҳдадориҳои волидайн нисбати фарзандон ва уҳдадориҳои фарзандон нисбат ба волидайн ибрози ақида намуданд.
Вобаста ба масъалаи мубрами рӯз иброз доштанд, ки мо дар раванди ҷаҳонишавии тамадунҳо қарор дорем, бинобар ин шароит моро водор месозад аз раванди таълиму таҷризи донишҷӯён мунтазам огаҳӣ дошта бошем. Инчунин аз волидайн даъват ба амал бароварданд, ки «волидайни азиз аз Шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад ҷиҳати донишандӯ ва касбомӯзии фарзандон бо мо дар иртибот шавед». Ҳамин тариқ оид ба истифодаи оқилонаи телефонҳои мобилӣ аз волидайн дархост намуданд, ки фарзандонро таъкид намоянд шабакаҳои иҷтимоиро бар манфиати кор истифода намоянд. Боз ҳам иброз намуданд, ки варзандонро дар ҳамбастагӣ дар руҳияи ватандӯстию меҳаншиносӣ тарбия намоем.
Вобаста ба суст будани рафти давомоти ихтисосҳои кори табобати дандон ва дандонсозӣ аз волидайн дархост карда шуд, ки ҷиҳати сари вақт ба дарсҳо ҳозир гардидани фарзандонашон, диққати ҷидӣ зоҳир намоянд. Зеро дар вилояти Хатлон чунин ихтисос хело ҳам каманд.
Баъдан устод Зоиров З. оид ба масъалаи дигари рӯзнома вобаста дар амал татбиқ кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд. Дар суханрониашон қайд карданд, ки ҳастанд донишҷӯёне, ки зодрӯзашонро дар ошхона бо ҳамсабақонашон қайд менамоянд. Дар қонуни мазкур омадааст, ки зодрӯз ихтиёран, танҳо дар доираи оила қайд карда мешавад. Ин хароҷотҳо ба , ки лозим, маблағи бударо барои эҳтиёҷоти оила ва донишандӯзӣ сарфа кардан мебояд.
Оид ба масъалаҳои ҷорӣ муовини муассиса Зоиров З. ба сухан баромада, аз волидайн даъват ба амал бароварданд, ки тибқи Низомномаи муассиса ҳар як волидайн ҳақ дорад, ки дар дарсҳои омӯзгорон иштирок намуда, раванди дарсомӯзӣ мавриди муҳокима қарор дода шавад.
Баъдан якчанд донишҷӯён ба сухан баромада қавл доданд, ки дар муассиса бо баҳои хубу аъло хонда, мутахассиси касби шуда, ба ватану миллат хизмати шоён менамоянд.
Дар интиҳои ҷаласа волидайн аз раванди таълиму тарбия изҳори сипос намуда, бо худ таасуроти нек бардошт намуданд.
Бо ҳамин масъалаҳои дар ҷаласа буда, ҳаматарафа мавриди муҳокима қарор дода шуда, ба кори худ хотима бахшид.
Ҷонишини директори
муассисаи ғайридавлатии таълимии
«Коллеҷи тиббӣ»- и шаҳри Бохтар
З. Зоиров




